Ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Юсуф Абдусаломов мураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод шуд

Февраль 3, 2023 10:54

ДУШАНБЕ, 03.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барандаи медали нуқраи  Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Юсуф Абдусаломов мураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи гӯштини Тоҷикистон.

Дар робита ба ин дирӯз дар шаҳри Душанбе байни Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ва мураббии нави дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ — гӯштингири маъруфи тарзи озод, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин-2008, чемпиони Осиё-2003 ва барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон-2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ҳоло мураббӣ Юсуф Абдусаломов созишномаи корӣ ба имзо расид.

Роҳбарияти Федератсияи гӯштини Тоҷикистон номзадии Юсуф Абдусаламовро ба вазифаи мураббии дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба гӯштини озод тасдиқ кард.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 28-29 январ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон-2023 оид ба гӯштин (тарзи озод ва юнонӣ-румӣ) байни калонсолон баргузор гардид. Ғолибон ва беҳтарин гӯштингирони ин чемпионат имкони шомил шудан ба дастаи миллии Тоҷикистонро пайдо карданд.

Чемпионати мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ташкил гардида, дар доираи «Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ» дар сатҳи баланд доир шуд.

Чемпионатро барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2008 оид ба гӯштини тарзи озод дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, собиқ мураббии дастаҳои мунтахаби Лаҳистон ва Маҷористон Юсуф Абдусаломов роҳбарӣ намуд.

Чемпионати мазкур тибқи қоидаҳои Федератсияи ҷаҳонии гӯштин сурат гирифт. Нафароне, ки дар он унвони қаҳрамонӣ ба даст оварданд, моҳи март Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мегардад, муаррифӣ мекунанд.

Ҳамзамон дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду легионери доғистонитабор — Абдулмаҷид Кудиев дар вазни 65 кило ва Магамет Евлоев дар вазни 74 кило иштирок намуда, унвони чемпиониро соҳиб шуданд. Онҳо аз ин пас зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд.

АКС: Федератсияи гӯштини Тоҷикистон

Февраль 3, 2023 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд