Олим заминларзаи харобиовари Туркияро ғайримуқаррарӣ номид

Февраль 8, 2023 11:25

ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Заминларзаи харобиовареро, ки 6 феврал дар Туркия рух дод, метавон ғайримуқаррарӣ ҳисобид, зеро таконҳои якуми он бо заминларзаи дуюм  қиёсшаванда буданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи чоршанбе ба ТАСС Директори Институти қишри замини бахши сибирии Академияи илмҳои Русия, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия Дмитрий Гладкочуб хабар дод.

«Дар он ҷо (дар Туркия — тавзеҳи АМИТ «Ховар») зилзилаҳои аз ин ҳам сахттар ба амал омада буданд, вале дуто ин гуна сахт- ин, шояд бар хилофи қоида ва ғайримуқаррарӣ бошад. Одатан пасларзаҳо нисбат ба такони аввал заифтаранд. Агар шиддати ларзиш минбаъд пасттар мешуд, шояд ин гуна вайронӣ ба амал намеомад», — иброз дошт олим.

Такони аввал дар умқи 7 километр дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия соати 04:17 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Шиддати он 7,7 баллро ташкил дод. Давоми рӯз пасларзаҳои қувваташон гуногун ба қайд гирифта шуданд, як заминларзаи дигар бо шиддати  заминларзаи аввала ба амал омад. Он дар километри 67-уми шаҳри Қаҳрамонмараш ба вуқӯъ пайваст, марказаш дар 2 км аз сатҳи замин ҷойгир буда, шиддаташ боз 7,7 баллро ташкил дод.

Дар 10 музофоти Туркия ва давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Сурия таконҳои зеризаминӣ ва садҳо пасларзаҳо ба қайд гирифта  шуданд. Теъдоди ҳалокшудагон дар Туркия бар асари заминларзаи харобиовар беш аз 5,8 ҳазор нафар буда, 34 810 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Сурия, шумораи ҳалокшудагон ба 1250 нафар афзуда, 2054 нафар маҷрӯҳон ба беморхонаҳо бурда шуданд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 8, 2023 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд