Олимони тоҷик 28 патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ба даст оварданд

Февраль 8, 2023 11:59

ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  28 патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 15 қарори мусбат оид ба додани патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираҳои иттилоотӣ ба даст оварда шуд. Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 20  коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод.

Фарҳод Раҳимӣ оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳор дошт, ки “соли 2022  олимони  Академияи миллии  илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 114 мавзӯъ, аз ҷумла 71 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 16  мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 27 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд”.

Дар соҳаи физикаю техника технологияи истеҳсоли кристаллҳои сунъӣ, ғанӣ гардонидани сангҳои қиматбаҳо ва аз партовҳои минералӣ ҳосил намудани кристаллҳо коркард гардид. Аз ҷумла, бо усули кристаллизатсияи сунъӣ аз партовҳои Кӯҳи Лаъл якумин маротиба кристалли шпинел- лаъл, ки шафофи сурхчатоб аст, ҳосил карда шуд.

Дар самти омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология муқаррар карда шудааст, ки иншооти ирригатсионӣ дар ҳавзаи Зарафшон имконият медиҳанд, ки НБО-ҳои хурд ба таври илова дар як сол зиёда аз 11,4 млн. кВт/соат энергияи электрикӣ истеҳсол намоянд. Барои кам кардани сарбории тобистонаи шабакаҳои мутамарказ аз ҳисоби обёрӣ ва дигар истеъмолкунандагон соле ҳамагӣ 5 моҳ– аз моҳи май то сентябр ба кор андохтани НБО-ҳои хурд пешбинӣ шудааст.

Инчунин зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки  дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қариб 3400 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 200 китобу монография, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 3170 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 2830 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 230 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва қариб 110 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2023 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд