Ҷоми «Formula55». Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тенниси рӯи миз баргузор шуд

Февраль 24, 2023 09:21

ДУШАНБЕ, 24.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 21 феврал дар толори Мактаби махсуси варзишии рақами 5-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи дуюми ҷумҳуриявӣ оид ба тенниси рӯи миз барои дарёфти Ҷоми «Formula55» баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар ширкати «Formula55» хабар доданд.

Аз рӯи натиҷаи мусобиқа байни бонувон дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи аввал гардида, дастаи Душанбе-1 – зинаи дуюм ва дастаи шаҳри Ҳисор мақоми сеюмро ба даст оварданд. Байни мардон дастаҳои Душанбе-1 ба гирифтани ҷойи якум, шаҳри Кӯлоб – ҷойи дуюм ва Душанбе-2 – ҷойи сеюм шарафёб шуданд.

Ҷоизадорони мусобиқа дар қароргоҳи асосии ширкати «Formula55» бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.


«Formula55» тасмим гирифтааст, ки баъд аз тенниси рӯи миз 25 феврал мусобиқаи волейболро байни дастаҳои мардона ва занона оғоз намояд.

Тазаккур бояд дод, ки мусобиқаи баргузоршуда бо иштироки беҳтарин теннисбозон аз ҳисоби бонувон ва мардон доир гардид. Рақобатҳо ба таври инфиродӣ ва даставӣ баргузор шуданд.


Бояд гуфт, ки «Formula55» бо мақсади дастгирии федератсияҳои варзишии мамлакат, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарон якчанд лоиҳаҳоро амалӣ мегардонад, ки баргузории «FORMULA55 CUP» низ аз ҷумлаи ин иқдом маҳсуб мешавад.

АКС аз ширкати «Formula55»

Февраль 24, 2023 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд