ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Ҳисор Минтақаи саноатӣ ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар масоҳати 12 гектар Минтақаи саноатӣ ташкил карда мешавад. Дар ин хусус имрӯз Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, ки таъсиси Минтақаи саноатӣ дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- саноатикунонии босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи генералии шаҳри Ҳисор ба роҳ монда шуда, дар он 20 корхонаи саноатии муосир ташкил карда мешавад.
Бо натиҷагирӣ аз раванди рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор дар соли сипаригардида Роҳбар Қосим иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалигардонии Ҳадафҳои рушди устувор, афзалияти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли соли 2030 фаъолиятро ба роҳ мондааст.
Соли 2022 суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ 110,8 фоиз ва нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр 100,5 фоиз иҷро гардида, бақияи қарзи андоз 900 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Ба ин васила иҷрои супориши Президенти Тоҷикистон дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардид.
Таъкид карда шуд, ки рушди саноат дар шаҳри Ҳисор соли гузашта 120,7 фоиз, кишоварзӣ- 104,3 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ- 112,5 фоиз, гардиши савдо- 104,6 фоиз, маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон- 106,5 фоиз таъмин карда шуд. Инчунин музди меҳнати як корманд аз 8 то 25 фоиз зиёд гардида, маблағи пасандози аҳолӣ ба миқдори 10 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, соли гузашта 46,2 миллион сомониро ташкил дод.
Раиси шаҳри Ҳисор дар нишасти матбуотӣ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба рушди самтҳои дигари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр, нақшаю дурнамо барои ба шаҳри муосири саноатӣ табдил додани Ҳисор, омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон посух дод.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 1991 беш аз ҳазор адад зиёд шудааст
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 оғоз ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Бадахшон дар шаш моҳ 25 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ—«Тоҷикистон-2026» доир мегардад
Дар доираи Форуми маъданҳои муҳими Тоҷикистону Корея дар Сеул ҳайатҳои ду давлат вохӯрӣ анҷом доданд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат беш аз 600 миллион сомониро ташкил дод






