Пажӯҳишгарон нусхаи хаттии «Девон»-и Туғрали Аҳрориро пайдо намуданд

Февраль 27, 2023 19:34

ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пажӯҳишгарони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз пайдо кардани нусхаи ягонаи дастнависи «Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, шоири маъруфи охири асри XIX- аввали асри XX хабар медиҳанд.

Тибқи иттилои Маркази мероси хаттӣ, ходимони шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигаҳдории мероси хаттии марказ зимни маъракаи омӯзиш ва ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ дар оғози соли 2023 чандин нусхаи хаттии нодир, аз ҷумла дастнависи нусхаи хаттии «Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрориро пайдо ва ташхиси аввалӣ карда, онро вориди «Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи академик А.Мирзоев»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намуданд.

Бояд гуфт, ки то кунун муҳаққиқон дар ҷустуҷӯи нусхаи дастнависи Туғрали Аҳрорӣ қарор доштанд, аммо онро пайдо накарда буданд. Бинобар ин нусхаи воридшуда ягона маҳсуб гашта, ҳеҷ намунаи осори хаттии дигари мансуб ба Туғрали Аҳрорӣ дар ягон маркази осори хаттии ҷаҳон мавҷуд намебошад.

Яке аз вазифаи асосии мутахассисони «Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев» пайдо намудани нусхаҳои қадимӣ, аз эҳтимоли нобудшавӣ наҷот додани онҳо, тармим, нигаҳдорӣ ва таҳия намудани осори ниёгон мебошад.

Бояд гуфт, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдории осори хаттии ниёгон дар Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шароит ва имконоти зарурии моддӣ ва техникӣ муҳайё шуда, ба мақсади эҳёи хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ таҳқиқ, таҳия ва оммавигардонии осори ниёгон бо маром ҷараён дорад.


Таҳия ва нашри осори Туғрали Аҳрорӣ аз ҷониби муҳаққиқон аз рӯйи чопи сангии осори шоир сурат мегирифт. Зеро нусхаи хаттии осори шоир дастрас набуд.

Нусхаи мазкур бо хатти настаълиқи зебо, дар қоғази саноатӣ, дар ду сутун ба шакли вуреб навишта шудааст. Саҳифаи аввал «Ғазалиёти Туғрали Аҳрорӣ» унвон шуда, бо сархат шуруъ мешавад: «Радифи алиф» ва ба думболи он ғазалҳои радифи алиф ба тартиб оварда мешавад ва ҳамин тартиб то охири китоб идома ёфта, ҳамаи сарлавҳаҳо бо ҷӯша сабт гардидаанд. Аммо радифи охирине, ки дар китоб меояд, «Радиф-ул-айн» мебошад. Дар ҳошия, зери матн ва дар байни ҳарду сутуни матн қайдҳо ва ёддоштҳои зиёд ҷой дода шудаанд. Ҷилди нусха сабзранги маъмулии мовароуннаҳрӣ мебошад ва дар баъзе сарлавҳаҳо гулҳои тазйинӣ, ки дар қарни XIX маъмул шуда буд, насб шудааст.

Агарчи бархе аз авроқ аз ҷилд канда шудаанд, вале нусха мукаммал аст, яъне аз рӯйи сохти дафтарҳои китоб нусха пурра ва ҷобаҷо аст ва баъзе саҳифаҳо шояд барои илова намудани ғазалиёти дигар ё ислоҳу таҳрир холӣ гузошта шудааст. Тибқи санае, ки дар поёни саҳифа ва хотимаи баъзе ғазалҳо гузошта шудааст, (1332ҳ./1914м.) ин нусха 5 сол қабл аз вафот (қатл)-и шоир (29 июни 1919) ва ду сол қабл аз чопи сангии «Девон»-и Туғрали Аҳрорӣ дар соли 1334ҳ./1916м. дар матбааи Когон нусхабардорӣ шудааст. Аз рӯйи навиштаи болои ғазалҳо: «Аз моли Туғрали Аҳрорӣ»; «Ли муҳарририҳи Аҳрорӣ»; «Ли муҳарририҳи» ин нусха ба қалами худи Туғрали Аҳрорӣ ва ё котибе тааллуқ дорад, ки нусхаро зери назари бевоситаи ӯ китобат намудааст. Муқоисаи аввалин нишон медиҳад, ки баъзе ашъоре, ки дар дар ин нусхаи хаттӣ ҷой доранд, дар нусхаи чопи сангӣ мавҷуд нест.

Ҳамин тавр, ин дастнавис ба зоти худ бе мисл ё ягона дастхати «Девон»-и Туғрали Аҳрорӣ маҳсуб шуда, чун намунаи мероси хаттӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии халқи тоҷик дорои арзиши махсуси таърихӣ буда, вориди «Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон карда шуд.

«Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» соли 1958 ҳамчун шуъбаи дастнависҳои Академияи илмҳо бо ибтикори Абдулғанӣ Мирзоев таъсис шуда, баъдан ба Институти шарқшиносӣ табдил ёфт. Он соли 1977 баъди вафоти А.Мирзоев бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон «Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А.Мирзоев» номида шуд. Дар ин ганҷина феълан 5987 нусхаи хаттӣ ва 6670 ҷилд китоби сангӣ мавҷуд аст.

Дар байни нусхаҳои хаттии марказ акнун 50 дастхати худи муаллифони асарҳо ва нусхаҳои зиёди ягона ё мунҳасир ба фарди китобҳо мавҷуд мебошанд, ки онҳо аз ҳар ҷиҳат муҳим ва ҷолиби таваҷҷуҳанд.

АКС: Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 27, 2023 19:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад
Дӯстӣ пойдор бошад, комёбиҳо бештар мегарданд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ