Президенти Туркия ба ҷомеаи ҷаҳон барои кумак дар рафъи оқибатҳои заминларза изҳори миннатдорӣ намуд

Февраль 15, 2023 19:36

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Туркия ҳеҷ гоҳ иқдоми дӯстона ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонро пас аз заминларзаҳои харобиовар дар вилоятҳои ҷанубии мамлакат, ки ҳафтаи гузашта рух доданд, фаромӯш намекунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 14 феврал президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган изҳор дошт.

«Мехоҳам бори дигар дар ҳузури шумо ба ҳамаи давлатҳои дӯсту бародар, ки шабу рӯз барои мамлакати мо кумак ҷамъоварӣ намуда, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии моро бо фиристодани неруҳои худ дастгирӣ карданд, ташаккур гӯям»,- баён дошт Реҷеп Тайип Эрдоган.

«Мо ҳеҷ гоҳ ин дастгирии дӯстонаи шуморо, ки дар ин замони душвор ба мо расид, фаромӯш нахоҳем кард»,- илова намуд ӯ.

«Туркия аз беш аз 100 давлат паёмҳои ҳамбастагӣ қабул кард»,-иброз намуд президент ва илова кард, ки ин офат бори дигар муҳимияти ҳамбастагии байналмилалиро нишон дод.

Дар Туркия 6 феврал ду зилзилаи пуриқтидор бо шиддати 7,7 ва 7,6 балл рух дод. Мувофиқи суханҳои президенти Туркия, таконҳо то 500 километри минтақаро фаро гирифта, ба 10 музофот таъсир расониданд, ки дар онҳо 13,5 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.

«Бо назардошти шаҳрҳои наздик ба минтақаи офати табиӣ, ки дар он ҷо низ ларзишҳо ба амал омаданд, то 20 миллион нафар аз заминларза зарар диданд»,- баён дошт Реҷеп Тайип Эрдоган.

«Аз рӯи арзёбии олимон, қуввае, ки дар натиҷаи ин заминҷунбӣ ба амал омадааст, ба қувваи 500 бомбаи атомӣ баробар аст. Мо шоҳиди яке аз бузургтарин офатҳои табиӣ на танҳо дар таърихи мамлакатамон, балки тамоми инсоният мебошем», — гуфт президент.

Реҷеп Тайип Эрдоган ишора кард, ки ҳукумати Туркия насби хаймаҳо, ва хонаҳои тайёр барои одамони бар асари заминларза зарардида суръат бахшидааст. Ҳамзамон амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ, инчунин корҳо оид ба рафъи монеаҳо идома доранд,-гуфт президент ва илова намуд, ки гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ беш аз 8000 нафарро аз харобаҳо зинда берун бароварданд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2023 19:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд