РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Гаага бахшида ба Конфронси оби СММ нишасти хабарӣ баргузор карда шуд

Февраль 20, 2023 10:55

ДУШАНБЕ, 20.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 феврал дар шаҳри Гаага нишасти хабарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд бахшида ба омодагиҳо ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар нишасти хабарӣ таъкид гардид, ки ин муҳимтарин чорабинии байналмилалиест, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд Виллем-Александр раисӣ хоҳанд кард.

Дар раванди муҳокима паҳлуҳои мухталифи масоили марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти хосса хоҳад дошт ва намунаи барҷастаи ҳамкории муассири як давлати болооб ва як мамлакати поёноби дар минтақаҳои гуногуни ҷуғрофӣ ҷойгиршуда дар ҳалли масоили умдаи инсоният хоҳад буд.

Дар брифинг сафирон ва ҳайати корпуси дипломатӣ, роҳбарон ва кормандони созмонҳои байналмилалии муқими Нидерланд, дастандаркорон ва коршиносони соҳаи оби кишварҳои аврупоӣ ширкат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2023 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд