Роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Вазорати нақлиёт масъалаи ҳамкориро баррасӣ карданд

Февраль 14, 2023 19:43

ДУШАНБЕ, 14.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тайёр намудани мутахассисони сатҳи баланд, таҳияи санадҳои меъёрӣ, амалӣ намудани корҳои илмӣ – тадқиқотии омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ ва бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолона дар татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баррасӣ гардиданд.

Имрўз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба факултети нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон омада, бо базаи моддию техникии кафедраҳои тахассусии он аз наздик шинос гардид.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо роҳбарият, омўзгорон ва донишҷўёни ин муассисаи таълимӣ суҳбат намуда, таъкид кард, ки тайёр намудани мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёт, ки ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў бошанд, тақозои замон буда, махсусан дар рушди нақлиёти барқӣ дар мамлакат нақши онҳо муҳим мебошад.

Ёдовар мешавем, ки таҳияи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат сарчашма мегирад. Барнома аз 9 боб иборат буда, ҳадафи асосии он- фароҳам овардани самти нави рушди иқтисодӣ дар заминаи ташаккули саноати мошинсозӣ- истеҳсоли нақлиёти барқӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёд кардани нақлиёти барқии истифодашаванда, васеъ намудани инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист мебошад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Февраль 14, 2023 19:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид