Роҳбарияти вилояти Суғд ба муносибати 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Хуҷанд боздид намуд

Февраль 22, 2023 14:34

СУҒД, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал роҳбарияти вилояти Суғд ба қисмҳои низомии воқеъ дар шаҳри Хуҷанд рафта, афсарону сарбозонро ба муносибати 30-солагии таъсиси​ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки тӯли солҳои аввали истиқлол дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҷой доштанд, тадриҷан ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфт. Аз ин лиҳоз, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «имрӯз ман бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд».

Имрӯзҳо​ афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд.

Дар зарфи сӣ сол Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонид. Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

Гуфта шуд, ки ​Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ-техникии ҷузъу томҳои дар вилояти Суғдбудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории доимӣ зоҳир намуда, барои беҳтар намудани шароити хизматии аскарон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ҳамзамон барои афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ дастархони идора ороста шуда, ба қисмҳои низомӣ маводи озуқаворӣ расонида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 22, 2023 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад