Роҳбарияти вилояти Суғд ба муносибати 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Хуҷанд боздид намуд
СУҒД, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал роҳбарияти вилояти Суғд ба қисмҳои низомии воқеъ дар шаҳри Хуҷанд рафта, афсарону сарбозонро ба муносибати 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки тӯли солҳои аввали истиқлол дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҷой доштанд, тадриҷан ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфт. Аз ин лиҳоз, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «имрӯз ман бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд».
Имрӯзҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд.
Дар зарфи сӣ сол Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонид. Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.
Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати беҳтар намудани пойгоҳи моддӣ-техникии ҷузъу томҳои дар вилояти Суғдбудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории доимӣ зоҳир намуда, барои беҳтар намудани шароити хизматии аскарон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳамзамон барои афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ дастархони идора ороста шуда, ба қисмҳои низомӣ маводи озуқаворӣ расонида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






