Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе омӯзгорони касбиро ба муассисаҳои пойтахт ҷалб менамояд
ДУШАНБЕ, 11.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби мутахассисони равияи омӯзгорӣ аз ҳисоби хатмкунандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вохӯриҳои таблиғотӣ мегузаронад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Дар ин вохӯриҳо хатмкунандагони ихтисосҳои методикаи таълими ибтидоӣ дар мактабҳои миллӣ ва русӣ, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, математика, таърих ва ҳуқуқ, география, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ иштирок менамоянд.
Иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби мутахассисони равияи омўзгорӣ аз ҳисоби хатмкунандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январи соли равон дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар сатҳи мутобиқ ба талаботи муосир тайёр намудани омӯзгорон ва ба ин восита пурра бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор тавассути пешниҳоди имтиёзҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳо, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ чораҳои қатъӣ андешад.
Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти вазъи қабули довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Маркази миллии тестӣ ва дигар сохтору мақомоти марбута вазифадор шунанд, ки корро вобаста ба тарғибу ташвиқи ихтисосҳои ин зинаҳои таҳсилоти касбӣ ва бо ин роҳ ҷалб кардани довталабон ба самтҳои омӯзгорӣ ва техникӣ ҷоннок намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






