Шаби гузашта дар километрҳои аз 52 то 67-уми роҳи Душанбе — Чаноқ 10 тармаи хурду миёна фаромад
ДУШАНБЕ, 17.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 16 феврал аз километри 52 то 67-уми роҳи Душанбе — Чаноқ боз 10 тармаи хурду миёна фаромад. Дар айни замон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин роҳ қатъиян манъ карда шудаст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки субҳи имрӯз бартарафсозии тармаҳо идома ёфта, бо ин мақсад теъдоди зарурии техникаҳо сафарбар гардид. Ҳоло роҳбарияти филиали мазкур, масъулини Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар маҳалли тармафароӣ — минтақаи Варзоб қарор доранд.
Баъзе шаҳрвандон дар бобати ҳаҷми тармаҳои дар роҳи мазкур фаромада маълумоти кофӣ надоранд. Аз ин рӯ таъкид гардидааст, ки вазъият бениҳоят вазнин буда, илова ба тармафароӣ резиши кӯҳпораҳо низ ба гузариши нақлиёт монеа эҷод карда истодааст.
16 феврал роҳ қариб аз тарма тоза карда шуда, имкони иҷозат додани ҳаракати яксамта мавҷуд буд. Вале бо назардошти хавфи зиёд роҳбарияти филиали ширкат дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои мазкур аз ин кор худдорӣ намуд. Дар баробари кушода шудани роҳ ҳатман маълумот пешниҳод карда мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон итттилоъ додаааст, ки то 19 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат дар назар аст. 20-21 феврал дар мамлакат ҳавои тағирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.
АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






