Шумораи бар асари лағзиши тарма ҳалокшудагон дар Хоруғ ба 13 нафар расид
ДУШАНБЕ, 16.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Бар асари тарма дар Хоруғ 13 нафар ҳалок шуда, ду сокини ноҳияи Ванҷ низ зери тарма монданд, ки якеро наҷот доданд ва дуюмӣ ҳамоно ҷустуҷӯ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 15 феврал, тахминан соати 09:50-и вақти маҳаллӣ дар натиҷаи бориши шадиди барф болои хонаҳои истиқоматии сокинони маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ тарма фаромад. Дар натиҷа 4 хонаи истиқоматӣ пурра, 35 хона ва 5 иншооти хоҷагӣ қисман хароб шуданд. 13 нафар ба ҳалокат расида, 12 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шуданд.
Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.
Ҳамон рӯз тахминан соати 12:08 бо вақти маҳаллӣ байни деҳаҳои Садвад ва Седи Ҷамоати деҳоти Техаври ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як сокини 30-солаи ин деҳа зери тарма монда, ҷон бохт. Сокинони деҳа ҷасади ӯро берун оварда, ба соҳибонаш супурданд.
Соати 17:10 ду сокини деҳаи Хаспои ноҳияи Ванҷ, ки мехостанд ба ҷанозаи қурбонии тарма дар Садвад раванд, дар роҳ зери тарма монданд. Якеро наҷот доданд, вале дуюмӣ ҳамоно зери ғарами барф мондаву ҷустуҷӯяш идома дорад.
15 феврал, тахминан соати 12:00 дар киломатри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб тарма як ронандаи 47-соларо ба ҳалокат расонд. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ӯро аз дохили мошини зери тарма монда берун оварданд.
Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон, хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии мамлакат то 19 феврал боқӣ мемонад.
Дар иртибот ба рӯйдодҳои охир Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба минтақаҳои пурбориши кӯҳӣ ва тармахез худдорӣ кунанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад






