Соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Нижегород 13 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 11.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Соҳибкорони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нижегороди Федератсияи Русия зимни форуми тиҷоратӣ 13 шартномаи ҳамкорӣ байни корхонаву ширкатҳои истеҳсолии вилоятҳо ба имзо расониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои Федератсияи Русия дар соли гузашта 616,6 миллион долларро ташкил дода, иқтидори мавҷуда имкон медиҳад, ки ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот ба маротиб зиёд карда шавад.
Дар кори форум масъулини идораҳои давлатии ду вилоят доир ба имкониятҳои ду тараф иттилоъ доданд. Аз ҷумла ба соҳибкорони вилояти Нижегород доир ба навгониҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Суғд, сармоягузорӣ ва захираву имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дода шуд.
Сипас, роҳбарияти ҳар ду вилоят ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз пахта, истихроҷу коркарди маъдан ва металҳои қиматбаҳо, дорусозӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, гӯшту шир, мошинсозӣ баррасӣ карданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






