СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар доираи он дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 12 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бунёд карда мешаванд

Февраль 16, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 16.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бунёди 12 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин матлабро 15 феврал Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

Мавсуф иброз намуд, ки зиёд гардидани корхонаҳои саноатӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат мусоидат намуда, дар баробари бунёди коргоҳҳои нав ҷойҳои корӣ низ зиёд мегарданд.

Гуфта шуд, ки корхонаҳои саноатии қаламрави ноҳия соли 2022 бо назардошти бахши ғайридавлатӣ дар ҳаҷми 512, 1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Иброз гардид, ки саноатчиёни ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то сифати маҳсулоти истеҳсолӣ беҳтар шуда, содироти он ба бозори ҷаҳонӣ зиёд карда шавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд