ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, шанбе, рӯзи 35-уми соли 2023 аст

Февраль 4, 2023 08:00

4 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои он ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, Раиси шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъул ҷаласаи нахустини ин Шӯро баргузор гардид.

***

4 феврали соли 2015 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.

4 ФЕВРАЛ:

 Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории саратон.

***

Дар Шри-Ланка – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Ангола – Рӯзи муборизаҳои мусаллаҳона.

РӮЙДОДҲО:

4 феврали соли 2016 дар дафтари намояндагии Фонди рушди «Институти тадқиқотии АвруОсиё» маросими супоридани диплом ба барандагони озмуни донишҷӯии ба номи Дмитрий Менделеев ва Михаил Ломоносов баргузор гардид.

***

4 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми «Шабакаи ташкилоти шарикон  оид ба обтаъминкунии устувор ва ҳолати санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

***

4 феврали соли 1985  қатъномаи СММ дар бораи манъ кардани шиканҷа қабул гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2016 дар Тоҷикистон сомонаи расмии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар самти таъмини ҳуқуқи инсон (http://khit.tj) фаъол карда шуд.

***

Соли 2004 Марк Сукерберг сомонаи «Thefacebook»-ро дар суроғаи thefacebook.com фаъол намуд. Сомонаи иҷтимоӣ – Facebook ҳамчун машҳуртарин ва бузургтарин сомона дар ҷаҳон буда, Марк Сукерберг аз ҷумлаи сарватмандтарин шахсони олам ба шумор меравад.

Февраль 4, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш