«ТОҶИКИСТОН — ДИЁРИ ЁРОН». Таҳти чунин унвон дар рӯзномаи эронӣ силсиламақола ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар 7 шумораи рӯзномаи бонуфузи эронии “Осиё” аз 10 декабри 2022 то 24 январи 2023 таҳти унвони “Тоҷикистон — диёри ёрон” силсиламақола бо аксҳои ҷолиб ба табъ расид, ки ба қалами рӯзноманигори эронӣ Ҳамиди Деҳқон тааллуқ дорад. Мавриди тазаккур аст, ки номбурда аз рӯзноманигорони соҳибном ва таҷрибадори Эрон буда, силсиламақолаи ӯ раҳоварде аз сафари ҳафтрӯзааш ба Тоҷикистон дар охири моҳи ноябри соли гузашта аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд.
Ҳамиди Деҳқон дар мақолаи аввал дар заминаи мулоқотҳо дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имконот ва зарфияти Тоҷикистон дар соҳаи гардишгарӣ маълумот оварда, инчунин аз истиқболи гарму самимии тоҷикон, зебоиҳои мафтункунандаи “Кохи Наврӯз” ва толорҳои муҳташами он “Аржанг”, “Зарандуд” ва “Гулистон” тавсиф кардааст.
Рӯзноманигор кохи мазкурро аз зеботарин ва муҳташамтарин намунаҳои меъмории муосири ҷаҳони имрӯз номида, ба офарандагони он таҳсину офарин хондааст.
Дар мақолаи дуввум муаллиф таассуроти худро аз тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки намунаҳои зебое аз сарватҳои табиӣ, таърихи бостон, осори асрҳои миёна ва санъати тасвирию амалии тоҷиконро таҷассум менамояд, ба қалам додааст.
Ёдовар мешавем, ки дар замони сафари рӯзноманигор ҳайати расмии Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон низ меҳмони Тоҷикистон буд. Муаллиф аз забони Мудири кулли дафтари бозорёбии Вазорати мазкур хонум Лайло Аждарӣ чунин овардааст: “Бисёр хурсандам, ки осорхонаи зебои миллии Тоҷикистонро дидам. Ин осорхона яке аз зеботарин осорхонаҳои дунё аст, ки ман то ба ҳол дидаам. Ба унвони як эронӣ бо ҳамтаборони тоҷики худ ифтихор мекунам, ки аз осор ва тамаддуни бузурги муштаракамон ҳифозат карда, онро муаррифӣ менамоянд”.
Дар ин мақола муаллиф аз зебоиҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла хиёбонҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Хайём, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, донишгоҳҳо ва бозорҳои шаҳр ба ваҷд омада, тинҷию оромӣ, нархҳои арзони молу маҳсулот, таъми лазизу гуворои таомҳои тоҷикӣ ва меҳрубонию меҳмоннавозии мардуми тоҷикро ситоиш намудааст.
Дар мақолаи сеюм Ҳамиди Деҳқон аз натиҷаҳои неки сафари ҳайати Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон ба Тоҷикистон, ба имзо расидани санади ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ва таассуроти меҳмонон аз Тоҷикистон, имконият ва зарфияти васеи ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ навиштааст. Аъзои ҳайати эронӣ ҳамкориро бо Тоҷикистон бо назардошти муштаракоти зиёд байни ду миллати дӯсту бародар ниҳоят муҳим шуморидаанд.
Дар мақолаи чорум муаллиф ба хонандаи эронӣ дар бораи ҷашнҳои миллии Тоҷикистон, аз ҷумла Наврӯз, сабт шудани Саразми 5500-сола, “Чакан”, “Фалак” дар феҳристи мероси моддӣ ва ғайримоддии тамаддуни инсонии ЮНЕСКО, муҷассамаи “Буддои хуфта” дар Осорхонаи бостоншиносӣ, равобити бародархондагии шаҳрҳои Душанбею Шероз, Кӯлобу Ҳамадон, Хуҷанду Табрез, ҳамкории вилоятҳои Хатлону Хуросони Разавӣ нақл кардааст.
Дар мақолаи панҷум пас аз тамошо ва таърифу тавсифи маҷмааи “Истиқлол” муаллиф таъкид кардааст, ки он намоди истиқлоли Тоҷикистон буда, рамзи соҳибдавлатию соҳибтамаддунӣ ва таърихи қадимаву ғаноманд доштани миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Дар ин бахши силсиламақола муаллиф инчунин аз таассуроташ аз осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ”, сатҳи баланди хизматрасонии осоишгоҳ ва кормандони он суханҳои ҷолиб гуфтааст.
Дар мақолаи шашум Ҳамиди Деҳқон таассуроташро аз тамошои Қалъаи Ҳисор дар шаҳри Ҳисор, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ ва боздид аз оромгоҳи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб ба қалам додааст. Ӯ таъкид кардааст, ки табиати зебову сеҳрангези ин мавзеъҳо ва осори таърихии онҳо ҷаззобияти хосе барои сайёҳон ва меҳмонони Тоҷикистон доранд.
Ниҳоят, дар мақолаи ҳафтум муаллиф бардоште аз равобити Тоҷикистон ва Эрон аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат дар соли 1991 то имрӯз карда, нақши сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Сайид Иброҳими Раисиро ба давлатҳои ҳамдигар дар солҳои 2021 ва 2022 дар ифтитоҳи марҳилаи ҷадид дар муносибатҳои ду мамлакати дӯсту ҳамзабон муҳим арзёбӣ намудааст.
Чоп шудани силсиламақолаи “Тоҷикистон – диёри ёрон” дар яке аз рӯзномаҳои бонуфузи Эрон, ки бо меҳру ихлоси самимӣ нисбат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми меҳмоннавози он навишта шудааст, дар таблиғи дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакати мо, муаррифии имконияту зарфияти бузурги сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони эронӣ ба диёри биҳиштосои мо аҳаммияти калон хоҳад дошт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон