Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо вусъати пояи қарордодӣ-ҳуқуқии робитаҳоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 24.02.20203 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо раванди музокирот оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта байни ҷонибҳоро оғоз карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқоти ҳайатҳо бо назардошти рушди босуботи Тоҷикистон ва гуногунҷанба шудани робитаҳои мутақобила зарурати бознигарӣ кардани Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории аз соли 2005 амалкунанда таъкид карда шуд.
Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта дар баробари густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои савдо ва тиҷорат инчунин ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсату амният ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад






