««ТОҶИКОН — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Норак даври аввали озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби донандагони хуби фанни таърих, коршиносони соҳа ва омӯзгорони фанни таърих ташкил карда шудааст. Ҳакамон аз рӯйи талабот ва меъёр суолҳоро пешниҳод ва дониши иштирокчиёнро баҳогузорӣ намуда истодаанд.
Дар корхонаю муассисаҳои шаҳри Норак озмун бо фарогирии доираи васеи иштирокчиён баргузор шуда истодааст. Даври аввали озмун то 20 феврал идома ёфта, ба беҳтаринҳои озмун ба даври вилоятӣ роҳхат дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






