ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Тоҷикистон Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт ба фаъолият оғоз мекунад
ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт» ба фаъолият оғоз менамояд, ки дар асоси ҳуҷҷатгузории электронӣ амал мекунад ва дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ кор дар соҳаи нақлиёт осон мегардад. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба хабарнигорон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» 30 декабри соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, асосан таҳияи барномаҳои электронии рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакатро фаро мегирад.
Ба гуфтаи Азим Иброҳим, дар асоси ин қарор ва дар доираи барномаҳои дахлдор соҳаи нақлиёти мамлакат марҳила ба марҳила ба низоми рақамикунонӣ пурра фаро гирифта мешавад.
Тазаккур дода шуд, ки дар вазорат раванди рақамикунонии самтҳои фаъолияти соҳа идома дошта, аз 26 модул дар 4 модул корҳои барномарезии аввал ба итмом расида, марҳилаи дуюм оғоз гардидааст. Дар марҳилаи якум дар модули Рухсатномаҳо корҳо оғоз гардида, дар марҳилаи анҷом қарор дорад.
Ҳукумати электронӣ низомест, ки барои ташкили муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, барои онҳо шароит фароҳам меоварад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд. Ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмати иттилоотӣ пешниҳод шуда, арзу шикоятҳои онҳо баррасӣ карда мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС:АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад






