Ҳайати Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон меояд

Март 2, 2023 08:23

ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти палата бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон оид ба сафари қарибулвуқӯи ҳайати Девони муҳосибот ба Тоҷикистон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи ҳисоб хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ боздиду мулоқоти ҳайат бо роҳбарияти Палатаи ҳисоб, инчунин ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум дар соҳаи аудит мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон оид ба тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд изҳори назар карда шуд.

Бояд гуфт, ки 8-11 март ҳайати Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо роҳбарии Президенти Девони муҳосибот ба Тоҷикистон меояд.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 2, 2023 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд