БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ифтитоҳ ёфт

Март 10, 2023 09:32

ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик  дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ифтитоҳ ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ин ташаббус дар раванди иттилоотӣ-таҳлилии фаъолияти донишгоҳи мазкур рӯйдоди нек маҳсуб мешавад. Маросими ифтитоҳи Марказ бо иштироки роҳбарияти  донишгоҳ, масъулини раёсат, собиқадорони соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир карда шуд.

Зимни ифтитоҳи он таъкид карда шуд, ки Маркази мазкур ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи кадрҳои лаёқатманди соҳаи медиажурналистика ва бо назардошти рушди устувори расонаҳои хабарӣ дар назди донишгоҳ таъсис дода шуд.

Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ҷиҳати ташкилу пешбурди маркази илмӣ-таълимӣ, ки ба даъватҳои муосир дар соҳаи журналистика ҷавобгӯ хоҳад буд, заминаи мусоид фароҳам меорад. Мақсади таъсис ва фаъолияти марказ- ин огоҳ кардан ва омӯзонидани навтарин майлонҳои расонаӣ ба журналистони оянда мебошад. Марказ  дар баробари пешбурди корҳои таълимӣ, инчунин корҳои пажӯҳиши илмиро дар соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав анҷом медиҳад, ки бешак, ба даъватҳои муосир дар соҳаи журналистика ҷавобгӯ хоҳад буд.

Собиқадорони соҳаи матбуот ифтитоҳи маркази мазкурро дастоварди наҷиб унвон намуда, таъкид доштанд, ки фаъолияти самараноки он ба тарбияи кадрҳои лаёқатманди соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав саҳми муассир мегузорад.

Имрӯз,  10 март бахшида ба Рӯзи матбуот дар вилояти Суғд ҷаласаи тантанавӣ доир гардида, ба як зумра кормандони воситаҳои ахбори омма Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида мешавад.

Бояд гуфт, ки дар доираи барномаҳо бахшида  ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар вилояти Суғд як зумра собиқадорони меҳнат боздид карда шуда, туҳфаҳои идонаи Раиси вилоят ба онҳо расонида шуд. Барои собиқадорони соҳаи матбуот бо дастгирии роҳбарияти вилоят 31 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба 63 нафар супорида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 10, 2023 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид