Барқияҳои табрикӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи сарони давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Март 21, 2023 12:40

ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои ҷашнии наврӯзӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

Дар табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ман аз номи мардуми Амрико ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзро муборакбод гуфта, ба ҳамагон саломатии бардавом ва сулҳу суботро таманно мекунам.

Тайи як соли охир Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико якҷоя дар роҳи расидан ба ҳадафи муштарак — минтақаи амнтар ва шукуфонтар ба пеш рафтанд.

Дар ин мавсими мулоҳиза ва таҷдид, Иёлоти Муттаҳида бори дигар садоқати худро ба мардуми Тоҷикистон ва таъмиқи минбаъдаи шарикӣ баҳри нигоҳдории амнияти мардуми ҳарду кишвар тасдиқ мекунад.

Ман умед дорам, ки дар соли оянда шарикии байни кишварҳоямон ва дӯстии байни халқҳоямон бар асоси талошҳои мо барои ояндаи осоишта ва шукуфони ҳама боз ҳам амиқтар хоҳанд гардид.

Наврӯз муборак бошад!».

Дар номаи табрикии Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Аз самими қалб Шуморо ба муносибати ҷашни байналмилалии Навруз, ки баёнгари фаровонӣ ва баракот буда, аз замонҳои қадим анъанаҳои наҷиб ва арзишҳои олии маънавиро дар худ нигоҳ медорад, табрик менамоям.

Ин ҷашн, ки рамзи саъю талош баҳри сулҳ, созгорӣ бо табиат, ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумон мебошад, мероси муҳимми ғайримоддии фарҳангии инсоният гардидааст.

Навруз дар нигоҳ доштани гуногунии фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни мардумон ва кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай нақши назаррас дорад.

Боиси хушнудист, ки ин ҷашн ба туфайли иштироки фаъоли Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзои СҲШ дар қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз мақом ва аҳаммияти байналмилалӣ пайдо кардааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехостам ба Шумо барои таваҷҷуҳи пайвастаи олиатон ба фаъолияти Созмон ва дастгирии он, ҳамчунин ба тавсеаи ҳамкории амалӣ дар чорчӯби Созмон, баланд бардоштани нақши он ба сифати яке аз иштирокдорони бонуфузи муносибатҳои муосири байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ намоям.

Лутфан иҷозат диҳед, ки дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии комил, дар фаъолиятатон дар ин маснади сермасъул нерӯи беандоза, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми бародари он сулҳу некӯаҳволӣ орзу намоям».

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома дорад.

Март 21, 2023 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ – ҶАШНИ ҚАДИМАИ ТОҶИКОН. Он чун мероси фарҳангии башарият арзиши бузург дорад
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» доир шуд
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Дар Норак бахшида ба Наврӯз намоиши фарҳангӣ ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гардид
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши идонаи «Наврӯз — ҷашни сулҳу накукорӣ» баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад