Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳияи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ барои давраи то соли 2030 оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 март таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи нахустини коршиносон ба таври маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ барои давраи то соли 2030 баррасӣ карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи ин Созмон хабар медиҳад.
Стратегия самтҳои асосии пешбурди ҳамкории сармоягузорӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ ва дигар шаклҳои иқтисодиро дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай муайян мекунад.
Ташаббуси таҳияи Стратегия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе 17 сентябри соли 2021 пешниҳод гардида, дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмон 16 сентябри соли 2022 дар Самарқанд тасдиқ карда шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






