«ЧЕҲРАИ ЗАН-МОДАР ДАР АСАРҲОИ РАССОМОН». Таҳти чунин унвон дар Маҷмааи «Истиқлол» намоиш ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Маҷмааи «Истиқлол» бо истифода аз ашёи фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» таҳти унвони «Чеҳраи Зан-Модар дар асарҳои рассомон» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Намоиши мазкур то 15 март идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.
Дар намоиш 25 мусаввараи нодири рассомон, аз қабили офаридаҳои Ю.Казмичёв «Симои Розия Озод» (соли 1945), А. Ҳайдаров «Симои Зебо Аминова» (соли 1982), И.Лисиков «Симои чемпион Зебуннисо Рустамова» (соли 1983), И. Абдураҳмонов «Кирмакпарварон» (соли 1955), А. Умаров «Модар аз деҳаи Рарз» (соли 1982), П. Бенков «Духтари дуторнавоз» (соли 1947), К. Ёдгоров «Гулҳои Зарафшон» (соли 1980) ва дигар мусаввараҳо пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми занону бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ таманно намуд. Гуфта шуд, ки Зан-Модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, камолоту пешрафт, гузашта ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд. Занони тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассоси таърих ҳамеша нақш ва мақоми устувор доштанд ва дар майдони мубориза барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ бо ҷасорату далерӣ ва нангу номуси мардона корнамоиҳои ҳайратовар нишон додаанд.
Мақсад аз баргузор намудани намоиш муаррифии саҳм ва нақши Зан-Модар дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти рӯзмарра аст, ки дар асарҳои рассомони машҳури мамлакат тасвири пурраи худро ёфтааст.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид






