Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад

Март 15, 2023 19:51

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Чин аз 15 март додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки моҳи марти соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус манъ гардида буд, аз нав барқарор мекунад, омадааст дар иттилоияи Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Чин, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости».

«Бо мақсади боз ҳам осон гардидани ҳаракати одамон байни Чин ва дигар давлатҳо тасмим гирифта шуд, ки аз соати 00:00 5 марти соли 2023 бо вақти Пекин ба сиёсати раводид ва воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба мамлакат меоянд, ислоҳоти зерин ворид карда шавад», — гуфта шудааст дар аккаунти расмии Департаменти консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар шабакаи иҷтимоии WeChat нашр гардидааст.

Аввалан, аз 15 март бо раводидҳое, ки муҳлаташон то 28 марти соли 2020 ба охир нарасидааст, ба Чин ворид шудан имконпазир аст.

Дуюм, муассисаҳое, ки дар хориҷи кишвар ба додани раводид машғуланд, баррасӣ ва додани ҳама намудҳои раводидро барои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Чин аз нав барқарор менамоянд.

Сеюм, муассисаҳое, ки ба додани раводид дар минтақаҳои наздисарҳадӣ машғуланд, баррасӣ ва додани ҳама намуди раводидҳои наздисарҳадиро барқарор мекунанд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 15, 2023 19:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Ба Аврупо буҳрони об таҳдид мекунад