Дар Истаравшан оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷаласа доир гардид
СУҒД, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Дар ҷаласа гузориши раиси комиссияи даъват оид ба рафти омодагӣ ба ин маърака шунида шуд. Аз аъзои комиссияи шаҳрӣ, роҳбарияти комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тақвияти кор дар ин самт ба таври ҷиддӣ талаб карда шуд.
Бояд гуфт, ки Артиши миллии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои асосӣ ва муҳимтарини муташаккил маҳсуб шуда, асоситарин пояи давлату миллати тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин мақоми ҳарбӣ аз замони таъсис то ин муддат собит намудааст, ки дар иҷрои вазифаҳои муқаддасу пуршарафи худ устуворона қадам мегузорад. Ҳамин аст, ки сол то сол масъулияти ҷавонон дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ афзуда, шумораи наваскароне, ки бо хоҳиши худ ба сафи мактаби мардонагӣ — Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, меафзояд. Зеро онҳо амиқ дарк намудаанд, ки ояндаи миллат ба хизмати содиқона ва ҳифзи марзу буми Ватан вобаста аст.
Ҳамзамон дар ҷаласа вобаста ба тақвияти кишти баҳорӣ, ҷамъоварии андоз, тозагии муҳити зист, анҷом додани корҳои хайр, назорати нархи озуқаворӣ дар бозорҳо ва дигар масъалаҳои муҳим дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






