Дар Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид

Март 16, 2023 15:51

ҲИСОР, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор ҷашни куҳану ҳамешаҷавони Наврӯз бо иштироки васеи кормандону меҳмонон ва хонандагони  муассиса  таҷлил карда шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар муассисаи мазкур хабар доданд.

Кормандони муассиса ҷамъомади фарҳангии наврӯзиро  тибқи расму оини миллӣ гузарониданд. Дастархони оростаи иштирокчиён, ки бо риояи суннатҳои наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ зиннат ёфта буд, ба базмгоҳ шукуҳи тоза мебахшид. Иштирокчиёни ҳамоиш аз намоишгоҳи фарҳанги наврӯзӣ, ки дар он намунаҳои гуногуни осори санъати наққошиву гулдӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, унсурҳои фарҳанги наврӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ ба тамошо гузошта шуда буд, дидан карданд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки бо кӯшишу талоши Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ҷонибдорӣ  аз  ҷониби давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна 23 феврали соли 2010  қатъномаи Маҷмаи Умумии  СММ қабул  гардид. Тибқи он 21 март рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз  ба унвони ҷашни байналмилалӣ  эътироф  гардид.

Наврӯз ифодагари фарҳанг, таърих ва  ҷаҳонбинии мардумони  ориёинажод  буда, бо тамоми  хусусият ва  рамзҳои мондагори худ дар  тӯли  ҳазорсолаҳо  тарзи  зиндагии созандаи мардуми тоҷик ва тамаддунсоз будани  онро  дар  умқи таърих  нишон  медиҳад.

Наврӯз  фарорасии соли  нав, рамзи оғози  корҳои нав, эҳёи  табиат аст,  ки  дарбаргирандаи ахлоқи  ҳамида   ва  танзимкунандаи фаъолияти минбаъдаи  инсон  мебошад. Дар ин айём табиат аз нав  зинда  мегардад, баъд  аз  торикиҳо  рӯшноӣ меояд ё ин ки  баъд  аз  сардиҳои  сахти  зимистон гармии фараҳбахши баҳорон  шуруъ  мешавад.

Дар анҷоми ҳамоиш дар саҳни муассиса рақсу таронаҳои тараннумкунандаи фасли баҳору Наврӯз  ба маъракаи наврӯзӣ  шукуҳи хосса бахшид.

АКС: Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор

Март 16, 2023 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид