Дар Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ҲИСОР, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор ҷашни куҳану ҳамешаҷавони Наврӯз бо иштироки васеи кормандону меҳмонон ва хонандагони муассиса таҷлил карда шуд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар муассисаи мазкур хабар доданд.
Кормандони муассиса ҷамъомади фарҳангии наврӯзиро тибқи расму оини миллӣ гузарониданд. Дастархони оростаи иштирокчиён, ки бо риояи суннатҳои наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ зиннат ёфта буд, ба базмгоҳ шукуҳи тоза мебахшид. Иштирокчиёни ҳамоиш аз намоишгоҳи фарҳанги наврӯзӣ, ки дар он намунаҳои гуногуни осори санъати наққошиву гулдӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, унсурҳои фарҳанги наврӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ ба тамошо гузошта шуда буд, дидан карданд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки бо кӯшишу талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз ҷониби давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна 23 феврали соли 2010 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид. Тибқи он 21 март рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.
Наврӯз ифодагари фарҳанг, таърих ва ҷаҳонбинии мардумони ориёинажод буда, бо тамоми хусусият ва рамзҳои мондагори худ дар тӯли ҳазорсолаҳо тарзи зиндагии созандаи мардуми тоҷик ва тамаддунсоз будани онро дар умқи таърих нишон медиҳад.
Наврӯз фарорасии соли нав, рамзи оғози корҳои нав, эҳёи табиат аст, ки дарбаргирандаи ахлоқи ҳамида ва танзимкунандаи фаъолияти минбаъдаи инсон мебошад. Дар ин айём табиат аз нав зинда мегардад, баъд аз торикиҳо рӯшноӣ меояд ё ин ки баъд аз сардиҳои сахти зимистон гармии фараҳбахши баҳорон шуруъ мешавад.
Дар анҷоми ҳамоиш дар саҳни муассиса рақсу таронаҳои тараннумкунандаи фасли баҳору Наврӯз ба маъракаи наврӯзӣ шукуҳи хосса бахшид.
АКС: Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






