«ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ МАТБУОТИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ». Дар ин мавзуъ дар «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 март дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар мавзуи «Дирӯз ва имрӯзи матбуоти замони истиқлол» ҳамоишӣ илмӣ – амалӣ баргузор гардид, ки дар он сармуҳаррирон, рӯзноманигорон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳо иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ, сармуҳаррири нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода, директори «Радиои Тоҷикистон» Обид Саидзода, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Шариф Муллоев, муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Одил Нозир дар мавзуи мавриди назар ибрози андеша намуданд.
Директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО –и Тоҷикистон» Саъдӣ Маҳдӣ нақш ва ҷойгоҳи матбуотро дар низоми иттилоот муҳим арзёбӣ карда, доир ба рисолати он дар замони истиқлол изҳори назар намуд. Саъдӣ Маҳдӣ бартарияти матбуотро нисбат ба интернет бо мисолҳо собит намуда, таъкид кард, ки матбуот умри ҷовидона дорад ва ҳеч гоҳ интернет ҷойи онро гирифта наметавонад.
Директори «Радиои Тоҷикистон» оид ба ҷойгоҳи матбуоти замони истиқлол сухан гуфта, иброз намуд, ки дар муқоиса ба чанд соли охир матбуоти миллӣ рушду тавсеа ёфта, хонандааш рӯ ба афзудан дорад.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро барои пешрафти матбуот иқдоми нек арзёбӣ намуда, гуфт, ки чунин ҷамъомадҳои илмӣ муҳаққиқони соҳаро ҳидоят месозад атрофи вазъи кунунии матбуоти тоҷик ва воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар хусуси марҳилаҳои ташаккули матбуоти тоҷик суҳбат намуда, гуфт, ки замина ва омилҳои гуногуни таърихӣ ва сиёсӣ асоси ба вуҷуд омадани матбуоти тоҷик дар тӯли таърих мебошад. Номбурда оид ба омилҳои пайдоиши матбуоти тоҷик ва рушди он дар тули солҳо ба иштирокдорон маълумоти муфассал дод.
Зимни ҳамоиш олимону кормандони соҳа дар маърузаҳояшон ои д ба марҳилаҳои таърихӣ , ҷойгоҳи матбуоти замони истиқлол ва тақвияти сатҳи тахассусии кормандони соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, нуктаҳои ҷолиб баён доштанд.
Дар анҷом як зумра рӯзноманигорони касбӣ барои фаъолияти пурсамар ва тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ дар воситаҳои ахбори омма бо «Сипоснома» қадрдонӣ шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон»










Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






