Эмомалии Нуралӣ ва Сомон Маҳмадбеков аз мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2023» бо медалҳои тиллову биринҷӣ ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 9 март ҳайати варзишгарони шинохтаи тоҷик пас аз иштирок дар мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2023» оид ба гӯштини ҷудо бо як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба шаҳри Душанбе баргашт. Варзишгарони тоҷикро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздикону пайвандон, ҳаводорони ҷудои мамлакат ва намояндагони соҳаи варзиш гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар рӯзи аввали мусобиқа паҳлавони шинохтаи тоҷик Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали тилло ба даст овард. Барои баромадан ба финал Эмомалии Нуралӣ бар варзишгарон аз Туркманистон, Узбекистон ва Фаронса пирӯз шуд. Дар финал Эмомалии Нуралӣ ҷудочии ботаҷрибаи узбек Сардор Нуриллаевро мағлуб карда, мақоми аввалро соҳиб гардид.
Варзишгари дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг бар варзишгарон аз Миср Абдулраҳмон Абдулғанӣ, аз Украина — Сергий Кривчач ва аз Узбекистон — Шарофиддин Болтабоев ғолиб омада, дар муборизаи даври нимниҳоӣ ба муқобили Шамил Борчашвили аз Австрия бо имтиёзи вазарӣ ноком шуд.
Барои ба даст овардани медали биринҷӣ Сомон ба муқобили Вачид Борчашвили бо як имтиёзи вазарӣ ғолиб омада, дуюмин медал- биринҷиро дар мусобиқаҳои Grand Slam соҳиб шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






