«ЭРУДИТҲОИ САЙЁРА-2023». 2 хонандаи Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби ҷойи сеюм шуд

Март 28, 2023 13:14

ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таътили баҳорӣ-аз 21 то 24 март 10 хонандаи Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия барои баланд бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии «Эрудитҳои сайёра-2023» донишозмоӣ намуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иттилоъ дод.

Дар олимпиада ду нафар хонандаи синфи 2-и Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе- Абубакр Қосимзода ва Маҳлиё Худоёрзода соҳиби ҷойи сеюм гардид.

Ҳамзамон  8 нафар: Зафар Сафарзода — хонандаи синфи 11, Дилноза Давлатзода — хонандаи синфи 8, Шуҳрат Давлатзода — хонандаи синфи 6, Билол Қосимов — хонандаи синфи 6, Умеда Мастибекова — хонандаи синфи 3, Абдураҳим Исохонов — хонандаи синфи 3, Ҳоким Яқубов — хонандаи синфи 3 ва Сумая Нуриддинзода — хонандаи синфи 2 дар олимпиада иштироки фаъолона намуда, аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо ифтихорнома ва медалҳо сарфароз гардонида шуд.

Ба дастаи Гимназия барои иштироки фаъолона Ҷом супорида шуда, роҳбарияти ин муасисаи таълимӣ ва омӯзгори роҳбалад бо сипоснома қадрдонӣ гардид.

 АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Март 28, 2023 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд