ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дӯстонаро бо дастаи Арабистони Саудӣ мусовӣ анҷом дод

Март 22, 2023 16:06

ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Даммами Арабистони Саудӣ аввалин бозии санҷишиашро анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

21 март наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ бозии дӯстона анҷом доданд. Бозӣ дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад бин Фаҳди Даммам баргузор шуда, бо ҳисоби – 2:2 анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар нимаи аввал бо ҳисоби 2:0 пешсаф буд, вале дар қисми дуюм ба дарвозаи худ ду гол сар дода, ғалабаро нигоҳ дошта натавонист. Аз ҳайати дастаи мо голҳоро Шаҳбон Наимов ва Абубакр Сулаймонов заданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 22, 2023 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд
Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад
Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид