ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Дар ҳолати табобати пурраи он шахс комилан шифо меёбад

Март 24, 2023 09:44

ДУШАНБЕ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Агар хоҳед, ки шумо ва фарзандонатон ба ин бемории сил  гирифтор нашавед, дар синни 3-7-рӯзагӣ эмкунии ҳатмии кӯдаконро бо ваксинаи БЦЖ ва дар 7-солагӣ бо ваксинаи дуюми он анҷом диҳед. Инчунин кӯдакони аз 15-сола боло ва калонсолон бояд ҳар сол шушашонро ташхис кунанд, хуб ва мунтазам ғизо бихӯранд. Дар рӯйхати хӯрокҳо ҳар рӯз бояд 100-150 грамм маҳсулоти аз сафеда бой бошад ва тарзи ҳаёти солимро пеш гирифта, кор ва истироҳатро дуруст танзим бояд намуд, аз тамокукашӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ карда,бояд ба варзиш машғул шавед ва бештар дар фазои тоза сайру гашт кунед.  Чунин тавсия медиҳад Директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Норов дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил.

«24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил дар саросари ҷаҳон таҷлил гардида,  ҳадафи он  баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳамагирии ҷаҳонии сил ва талошҳо барои хотима додан ба ин беморӣ мебошад. Бемории сил сироятӣ буда, барангезандаи он чӯбчамикроби сил мебошад. Сил бемории табобатшаванда аст ва дар ҳолати табобати пурра шахс комилан шифо меёбад»,- илова кард номбурда.

Ба гуфти Рустам Норов, агар ягон узви оилаатон гирифтори бемории сил бошад, роҳҳои зиёде барои сироят кардан вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тамоси кӯдакони хурдсолро бо бемор истисно карда, кӯшиш кунед, ки беморро то ҳадди имкон ҷудо нигоҳ доред ва тамоми ашёи ӯ, кати хоб ва табақчаҳои ӯро бодиққат дезинфексия кунед.

«Бемории сил табобатшаванда аст, ба шарте, ки бемор табобати  дурусту саривақтиро пурра бигирад (ин муддат на камтар аз 6-8 моҳро ташкил медиҳад). Мавҷуд набудани табобати дурусти саривақтӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад. Баъзеҳо аз шароити рӯзгори худ андешида, (яъне барои муолиҷа маблағи кофӣ надоранд), ба табибон муроҷиат наменамоянд. Вале онҳо бояд донанд, ки мувофиқи Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил табобат бо доруҳои зиддисилӣ ройгон гузаронида мешавад. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории сил- ин муроҷиати саривақтии беморони гирифтори сил ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ва табобати саривақтии он мебошад»,- тазаккур дод ӯ.

Ҳамсуҳбати мо шарҳ дод, ки «аломатҳои ин беморӣ сулфаи зиёда аз ду ҳафта, камқувватӣ, бемадорӣ, харобшавӣ, баландшавии ҳарорат, арақкунии шабона, камшавии иштиҳо, хунтуфкунӣ ва баъзан вақт дарди қафаси сина мебошанд».

Ба гуфтаи мутахассисон, давоми як сол инсони гирифтори ин беморӣ метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд. Дар сурати дар худ ва ё наздикон пайдо шудани чунин нишонаҳо бояд ба табиби оилавӣ муроҷиат намуда, барои ташхиси микроскопӣ 3 маротиба балғам супорид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, дар давраи моҳҳои январ-декабри соли 2022  4418 бемори сил дарёфт ва ба табобат фаро гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (4304) 114 нафар зиёд мебошад.

Дар мамлакат барои пешгири аз ин беморӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дастгирии аҳолӣ имкон фароҳам оварда шудааст, ки вазъи эпидемиологии сил дар тамоми ҷумҳурӣ зери назорат гирифта шуда, тадбирҳои амалӣ баҳри аз байн бурдани он дар ҷомеа андешида шаванд.

Набояд фаромӯш кард, ки дар ҷумҳурӣ имконияти ташхиси саривақтии тамоми намудҳои сил (сили тамоми узвҳо ва тамоми намудҳои устуворият ба доруҳои зиддисилӣ) фароҳам буда, ташхисҳои микроскопию нурӣ ва молекулярӣ) дар сатҳи ноҳияҳо дастрасанд. Дар айни замон дар мамлакат «Барномаи нави миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2021 – 2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  27 феврали соли 2021 тасдиқ гардида, амалӣ гашта истодааст. Мақсади  асосии он кам кардани таъсири манфии мушкилоти сил ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба воситаи таъмини дастрасии умумӣ ба ташхису табобати саривақтию босифати ҳама намудҳои бемории сил, аз ҷумла сили ниҳонӣ мебошад. Дар маҷмуъ, он сатҳи сироятёбӣ ва фавтро кам карда, ривоҷи устуворият ба доруҳоро пешгирӣ мекунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 24, 2023 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024 ОИД БА ФУТЗАЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии он мешавад
АҲСАНТ! Донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Мария Чебоненко сазовори медали тиллои озмуни байналмилалӣ гардид
«КӮДАКОН-ДУНЁИ МОЯНД!». 1 июн дар шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор гардид
ҒАСБИ ХУДСАРОНАИ ЗАМИН ҶАВОБГАРИИ ҶИНОӢ ДАР ПАЙ ДОРАД. Иттилоияи Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ин маврид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаи истеҳсоли тамоку бунёд мегардад
Дар Душанбе Озмуни 10-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» ифтитоҳ ёфт
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад
КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Тибқи он даври сеюми қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ оғоз гардид
Роҳсозон мавзеъҳои мушкилтарини роҳи Қалъаихумб — Ванҷ — даромадгоҳи ноҳияи Рӯшонро ҳамвор намуда, ба ҳудуди қитъаҳои 4-5-и лоиҳа дохил шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ҳонконг ду бозии дӯстона мегузаронад
ҲУШДОРИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ: «Аз қаллобоне, ки аз номи ширкати «Газпром»-и Федератсияи Русия баромад мекунанд, эҳтиёт бошед»!