Имрӯз вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд

Март 17, 2023 15:52

ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Варанасаи Ҷумҳурии Ҳиндустон вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар робита ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иброз гардид, ки рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ дар беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии давлатҳо нақши муҳим дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ бо хусусияти хоси фарҳангӣ ва таърихӣ, табиати дилфиреб, обҳои шифобахш, кӯҳҳои баланд, олами набототу ҳайвонот ва дигар омилҳо яке аз самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ ба шумор меравад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва дурнамои хатсайрҳои мавҷударо аз нигоҳи сайёҳии бехатар, тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба дар рушди инфрасохтори гардишгариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қарорҳои дахлдор қабул намуданд, ки он барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар байни давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ

Март 17, 2023 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид