Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Тоҷикистон ва Институти экология ва географияи Шинҷони Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Март 11, 2023 14:48

ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба институти мазкур хабар медиҳад.

9 март дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо як гурӯҳ ходимони Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ доир шуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои тадқиқоти илмӣ ва илмию амалӣ дар соҳаи арзёбии таназзули замин, реҷаи гидрологии дарёҳои кӯҳӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ, тағйирёбии иқлим, ҳолати пиряхҳо, вазъи баҳри Арал ва таъсири он ноҳияҳои атроф ва инчунин дастгирии ҳалли технологӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳодисаҳои номатлуби гидрометеорологӣ табодули иттилоот карданд.

Ҳар ду ҷониб ба зарурати рушди ҳамкории илмӣ ва илмию техникии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ва Институти экология ва географияи Шинҷон, бахусус дар робита ба рушди минбаъдаи тадқиқоти муштарак дар Тоҷикистон, Чин ва дигар мамлакатҳои ҳавзаи баҳри Арал (Осиёи Марказӣ) изҳори боварӣ намуданд. Пешниҳод карда шуд, ки ташкили машварату нишастҳои илмии муштарак, ташкили таҷрибаомӯзию тадқиқоти саҳроӣ, тайёр кардани мутахассисон, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмии муштарак, нашри мақолаҳои муштарак дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ муҳиманд.

АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 11, 2023 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад