ҒИЗОИ СОЛИМ. Зиёда аз 3 миллиард нафар дар сайёра ба ғизои солим дастрасӣ надорад
ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 3 миллиард нафар дар ҷаҳон ба ғизои солим дастрасӣ надорад. Коршиносони Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) ба чунин хулоса омаданд. Онҳо дар бораи арзиш ва дастрасии сабади пурраи ғизо ва хулосаҳо оид ба маҷмӯи хӯрокҳое, ки ба организми инсон тамоми моддаҳои заруриро медиҳанд, гузориш нашр намуданд. Тавре АМИТ«Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба «Новости ООН» хабар додааст.
Ғизои солим гуфта, чиро дар назар доранд?
Парҳези солим на танҳо ғизои мувофиқро таъмин менамояд, балки он бояд дорои моддаҳои серғизои муайяни гурӯҳи маҳсулоти гуногун бошад.
Сабади ғизои мукаммали ФАО ба истеъмоли 2330 килокалория дар як рӯз ва маҳсулоти арзони маҳаллӣ аз шаш категория асос ёфтааст: 1) ғалладона, макарон ва картошка, 2) сабзавот, 3) меваҷот, 4) маҳсулоти ҳайвонот, 5) лӯбиёгӣ, чормағз ва тухмиҳо, 6) равғанҳо ва чарбуҳо.
Арзиши ғизои солим
Коршиносон таъкид мекунанд, ки арзиши ғизои солим дар ҳоли афзоиш аст. Ҳамин тавр, соли 2019 назар ба соли 2020 қариб 112 миллион нафар метавонанд ғизои хуб истеъмол намоянд. Бештар аз ҳама, шумораи одамоне, ки аз хатти «норасоии ғизо» поён рафтаанд, дар Осиё 78 миллион нафар афзоиш ёфтааст. Дар худи ҳамин минтақа афзоиши арзиши бузургтарин сабади ғизои солим мушоҳида шудааст, ки дар як сол 4% аст.
Дар 12 давлати Африқо зиёда аз 90% аҳолӣ наметавонанд пурра ғизои солим истеъмол намоянд ва танҳо дар 26 давлат камтар аз 1% аҳолӣ аз норасоии ғизои солим азият мекашанд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






