«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар озмуни вилоятӣ шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи аввал гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки ғолибони даври ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баргузор шуд, ки дар он шаҳри Хоруғ сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Бо намояндагӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ собиқадори меҳнат, зани фаъол Ҳоҷатбегим Асматулоева истеъдоди баланди ҳунармандии занони шаҳри Хоруғро муаррифӣ намуда, сазовори ҷои аввал гардид.
Ҳамзамон дар озмун дар баробари шаҳри Хоруғ ҷойи дуввум насиби ноҳияи Рӯшон шуда, мақоми сеюм ба ноҳияи Мурғоб дода шуд.
Ҳайати ҳакамон завқи баланди оростани хони идона ва дастурхони кадбонуҳоро аз рӯи маҳорати баланди пазандагӣ, омода намудани таомҳои миллии қадимӣ, хӯрокҳои миллии замонавӣ, эҳёи таомҳои миллӣ, хӯришҳо, шириниҳо, анвои гуногуни нон ба инобат гирифта, ғолибонро муайян карданд.
Гуфта шуд, ки баргузор намудани чунин озмунҳо хеле муҳим аст, зеро ба ин восита ҷавонону наврасони мо аз ҳунармандони беҳтарин нозукиҳои ин касбро омӯхта, ба пухту паз муҳаббат пайдо мекунанд. Чунин озмунҳо ба эҳё ва рушди ҳунарҳои қадимии тоҷикон, аз ҷумла таббохӣ мусоидат менамояд.
Ғолибони озмун ва беҳтарин кадбонуҳо бо Сипосномаи роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар заминаи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмуну анъана ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳру навоҳии мамлакат озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






