«ЛУТФИ АШӮР САФАР». Дар Душанбе нашри дуюми китоби мазкур аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Лутфи Ашӯр Сафар» — таҳти чунин унвон нашри дуюми китоби шоир Гурез Сафар дар шакли комилтар бо таҳриру иловаҳои нав бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Тавре дар сарсухани китоб омадааст, «лутфи намакин, пурнеш, тунду завқбахш ва нишонраси устод Ашӯр Сафар дар ҳама маврид, дар ҳама сатҳ дар ҳузури ҳамагон ранг-ранг бадоҳатан ба гӯш мерасид, шодиву нишот, дасттакониву санохонӣ меангехт, атрофиёнро сари андеша мекашид ва аз даҳон ба даҳон мегузашту аз қаламрави Кӯлоб берун баромада, ба дуриҳо мерасид».
Китоби мазкур бо лутфу зарофатҳои Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Ашӯр Сафар дар шакли комилтар нашр гардидааст.
Хонандагон метавонанд зарофатҳои шоирро дар мавзуъҳои «Суратгирӣ», «Доруи иштиҳо», «Дили халқ аз шумо», «Ду қудо», «Шаҳр бояд туро тамошо кунад» ва ғайра мутолиа намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






