«МОДАР-САРОҒОЗИ ҲАСТИИ БАШАР». Андешаҳо доир ба занҳои бузурги олам
ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бузургтарин мавҷудоти олам Зан-Модар аст ва аз ин сабаб бузургони олам таъкид намудаанд, ки Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Кам нестанд модароне, ки бо донишу бузургии худ ва бо иродаи оҳанин дар дунё тағйироту таҳаввулот ба амал овардаанд. Чунин иброз намуд доктори илмҳои педагогӣ, профессори факултети забони русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Гулчеҳра Хоҷиматова.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2020 дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи Модар дар ситоиши ин олиҳаи меҳр иброз доштанд, ки «замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст ва ин хислатҳои наҷиб Модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд. Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои Модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем».
Таърих шоҳид аст, ки таҷрибаи шуҷоатмандию кордонии занҳои бузурги дунё дар ҳама давру замон барои аксари мардум ибратомўз боқӣ мондааст. Масалан, давлатдорию идоракунии давлатии охирин шоҳаншоҳи Миср –Клеопатра, Император хонум Екатеринаи II, Маргарет Тэтчер-сарвазири Англия, ки аз ҳама зиёдтар ин давлатро идора карда тавонист. Индира Гандӣ- Сарвазири Ҳиндустон, ки кишварашро сарбаландона аз қашшоқӣ бароварда тавонист. Мадлен Олбрайт- аввалин зан–котиби давлатии ИМА, ки рамзи сиёсати бесозиш буд. Клара Тсеткин – иштирокчии ҳаракати сотсиалистони Олмон, ки барои ҳуқуқи занон мубориза мебурд. Айседора Дункан –ташкилотчии рақси муосир, ҳамсари С. Есенин. Коко Шанел- бузургтарин зани тарроҳи ҷаҳон. Софя Ковалевская- аввалин зан- профессори математика дар замоне буд, ки дар Русия дар донишгоҳҳо хондани духтарон мамнуъ буд. Анна Ахматова- шоираи забардаст, модари Л. Гумилёв. Валентина Терешкова- аввалин зане, ки кайҳонро фатҳ намуд.
Дар таърихи пурифтихори мардуми мо низ номҳои занҳои бузургу қавииродае, чун Таҳмурас, Рухшона, Рудоба, Гурдофарид, Тахмина ва дигар қаҳрамонони ҷангу меҳнат хеле зиёданд. Онҳо то ҳанўз дар хотираи таърихии мардум нақши хосса доранд.
Дар баробари ин аз ибтидо занону модарони мо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нақши назаррас гузоштаанд. Тавре, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар соли 2020 ишора гардидааст, имрӯзҳо занону духтарони тоҷик асосан дар соҳаи маорифи мамлакат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг фаъолияти пурсамар доранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар соҳаҳои гуногуни мамлкат имрўз 116 нафар доктори илм ва 1124 нафар номзади илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳиба Яқубова, Мукаррама Қосимова, Дилрабо Мансурӣ ва дигарон мояи ифтихори илми тоҷик мебошад.
Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки дар мамлакати мо нақши Модар дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт ҷойгоҳи хосса дошта, Хукумати Ҷумҳурии Точикистон ҳамеша нисбат ба модарони мунису ғамхор ва духтарони боғайрат диққати махсус зоҳир менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»






