Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати мудирони EBRD масъалаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 март ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода дар доираи иштирок дар Анҷумани тиҷоратии Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Лондон бо ҳайати мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистон бо ҳайати мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) — мудири бахши энергетика Аида Сиддиқова, мудир оид ба бахши шаҳрдорӣ Екатерина Мирошник, мудир оид ба намунаи корҳо (портфел) Наталя Ханженкова, мудири минтақавӣ оид ба Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон Айтен Рустамова ва бонкдор оид ба энергетика Вероника Кракович мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро бо таваҷҷуҳ ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо созишномаи ҳамкории такмили фаъолияти «Тоҷикаэронавигатсия»-ро имзо намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






