Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Девони муҳосиботи Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Раиси Девони муҳосиботи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ҳуссом Абдулмуҳсин Ал-Анқарӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар додааст.
Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки дар таҷрибаи ҳамкории байнипарламентӣ моҳи майи соли 2016 Раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-27 январи соли 2017 ба Подшоҳӣ сафари расмии ҷавобӣ намуд.
Тазаккур дода шуд, ки дар айни ҳол муносибатҳои мутақобилаи судмандро гурӯҳҳои дӯстӣ миёни ҳар ду парлумон идома медиҳанд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирии паҳншавии терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалҳое, ки боиси номуътадилии авзои минтақа мегарданд, ба нафъи ҳарду давлат хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






