Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Девони муҳосиботи Арабистони Саудӣ мулоқот намуд

Март 9, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Раиси Девони муҳосиботи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ҳуссом Абдулмуҳсин Ал-Анқарӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Маҷлиси намояндагон хабар додааст.

Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки дар таҷрибаи ҳамкории байнипарламентӣ моҳи майи соли 2016 Раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-27 январи соли 2017 ба Подшоҳӣ сафари расмии ҷавобӣ намуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар айни ҳол муносибатҳои мутақобилаи судмандро гурӯҳҳои дӯстӣ миёни ҳар ду парлумон идома медиҳанд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирии паҳншавии терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалҳое, ки боиси номуътадилии авзои минтақа мегарданд, ба нафъи ҳарду давлат хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

 АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 9, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд