Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми гуногунии биологӣ дар Чин иштирок менамоянд

Март 17, 2023 18:39

ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намонядагони Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии «Гуногунии биологӣ ва истифодаи устувори он дар Осиё», ки 18 март дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад, иштирок менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Симпозиуми мазкур гурӯҳи биологҳои Тоҷикистон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, роҳбари гурўҳ дар мавзуи «Гуногунии олами наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон ва қонунияти экологию ҷуғрофии паҳншавии онҳо дар минтақаи кӯҳсори Помиру Олой ва истифодаи устувори захираҳои табии онҳо» маъруза хоҳад кард.

Олимони тоҷик доир ба ҷабҳаҳои гуногуни олами наботот ва ҳайвоноти ҷумҳурӣ, таъсири омилҳои антропогенӣ ва оқибатҳои тағйирёбии саросари иқлим ба сӯи гармшавии ҳарорат ва усулҳои илмии ҳифз ва истифодаи устувори онҳо маъруза менамоянд.

Тавре изҳор гардид, олами набототу ҳайвоноти ҷумҳурии кӯҳсорамон- Тоҷикистон аз ҷиҳати гуногуннамудӣ ва гуногуншаклии экосистемаҳои табиӣ ва пайдоишу ташаккули ҷамоаҳои мухталифи биологии онҳо дар байни давлатҳои ҳаммарз ҳамто надорад. Миқдори намудҳои эндемикии растаниҳо ва ҳайвонот зиёда аз 2000 номгӯйро ташкил медиҳад, ки ин бойигарии бебаҳои табиати зиндаи ҷумҳуриамон аст.

Маҷмӯи олами наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон дар бунёд, ташаккул ва танзими даҳҳо экосистемаҳои табиӣ аз ҳамвории ҷануби мамлакат сар карда, фарогир то баландкӯҳҳои он нақши бунёдӣ мебозад. Мавҷудият, мувозинат ва беҳдошти экосистемаҳои табиӣ ва захираи олами набототу ҳайвонот асоси инкишофи устувори ҳар як давлатро ташкил медиҳад. Устувории экосистемаҳо ба гуногунии олами наботот ва ҳайвонот муносибати мусбат дорад. Яъне ҳангоми зиёд будани гуногунии намудҳо устувории экосистемаҳо меафзояд ва баръакс.

Ҳамчунин тағйирёбии саросарии иқлим ва мунтазам баланд гардидани ҳарорат дар кураи Замин дар 50 соли охир ба хушксолиҳо ва зиёд шудани майдонҳои биёбонию нимбиёбонӣ, аз байн рафтани пиряхҳои хурд, хушк шудани дарёчаю чашмаҳои кӯҳсор ва дар баъзе мавридҳо иваз шудани муҳити зист, аз байн рафтани намудҳои зиёди растанӣ ва ҳайвонот ва дар охир ба коста шудани даҳҳо экосистемаҳо оварда расонд. Таъсири оқибатҳои гармшавии иқлим бештар дар мамлакатҳои Осиё ва Африқо, ки майдонҳои васеи биёбонию нимбиёбонӣ доранд, мушоҳида карда мешавад.

Дар барнома ва рӯзномаи ҷаласаҳои Симпозиуми байналмилалӣ доир ба гуногунии биологию экосистемаҳо ва истифодаи устувори захираҳои онҳо сухан меравад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 17, 2023 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд