НАВРӮЗ БАРОБАРИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ АЗИЗ АСТ. Дар шаҳри Хоруғ базми пуршукуҳи наврӯзӣ доир гардид

Март 22, 2023 15:55

ХОРУҒ, 22.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳраки Шоҳтемуриён доир шуд, сокинони шаҳри Хоруғ базми пуршукуҳи идона оростанд. Ҳамзамон роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва шаҳри Хоруғ аз намоиши маҳсулоти дастии ҳунармандон ва корхонаҳои хурди «Насим», «Ниссо», «Чипсбарорӣ», «Авесенна» дидан намуданд, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Дар ҷамъомад Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид намуд, ки «маҳз бо шарофати Наврӯз бисёр расму оин ва анъанаҳои неки ниёгони мо ҳифз ва дар замони соҳибистиқлолӣ дубора эҳё гардид. Фарорасии Наврӯзи имсола ба марҳилае рост омад, ки дар таърихи вилоят бо иқдоми наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави  рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят эълон гардидааст. Ҳарчанд аз эълони ин иқдом вақти зиёд нагузашта бошад ҳам, аммо дар ин фурсати кӯтоҳ корҳои зиёди ободониву созандагӣ  дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят анҷом дода шуданд».

Гуфта шуд, ки дар асоси нақшаи марҳилаи нави рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хоруғ, пеш аз ҳама, ба масъалаи таъмини сокинон бо манзили истиқоматӣ, ки даҳсолаҳо ба таъхир афтода буд, аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Қарор аст, ки дар се соли оянда чанд бинои аз даҳошёна боло ба истифода дода шавад ва бо ҳамин минвол садҳо сокини шаҳр соҳиби хонаи истиқоматӣ хоҳанд шуд.


Раиси вилоят нақши Пешвои миллатро дар эҳёи расму суннатҳои Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он муассир хонда, изҳор дошт, ки «дар муддати бештар аз даҳ сол миллатҳои гуногун дар саросари ҷаҳон сарфи назар аз бовару эътиқод Наврӯзро бо самимияти хос ҷашн мегиранд. Барои мардуми вилоят Наврӯз баробари ҷашни Истиқлоли давлатӣ азиз аст».

Базми наврӯзии сокинони  шаҳри Хоруғ бо барномаи ҳунарии  ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ  ба поён расид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 22, 2023 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст