НАВРӮЗ БАРОБАРИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ АЗИЗ АСТ. Дар шаҳри Хоруғ базми пуршукуҳи наврӯзӣ доир гардид
ХОРУҒ, 22.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳраки Шоҳтемуриён доир шуд, сокинони шаҳри Хоруғ базми пуршукуҳи идона оростанд. Ҳамзамон роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва шаҳри Хоруғ аз намоиши маҳсулоти дастии ҳунармандон ва корхонаҳои хурди «Насим», «Ниссо», «Чипсбарорӣ», «Авесенна» дидан намуданд, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Дар ҷамъомад Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид намуд, ки «маҳз бо шарофати Наврӯз бисёр расму оин ва анъанаҳои неки ниёгони мо ҳифз ва дар замони соҳибистиқлолӣ дубора эҳё гардид. Фарорасии Наврӯзи имсола ба марҳилае рост омад, ки дар таърихи вилоят бо иқдоми наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят эълон гардидааст. Ҳарчанд аз эълони ин иқдом вақти зиёд нагузашта бошад ҳам, аммо дар ин фурсати кӯтоҳ корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят анҷом дода шуданд».
Гуфта шуд, ки дар асоси нақшаи марҳилаи нави рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хоруғ, пеш аз ҳама, ба масъалаи таъмини сокинон бо манзили истиқоматӣ, ки даҳсолаҳо ба таъхир афтода буд, аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Қарор аст, ки дар се соли оянда чанд бинои аз даҳошёна боло ба истифода дода шавад ва бо ҳамин минвол садҳо сокини шаҳр соҳиби хонаи истиқоматӣ хоҳанд шуд.

Раиси вилоят нақши Пешвои миллатро дар эҳёи расму суннатҳои Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он муассир хонда, изҳор дошт, ки «дар муддати бештар аз даҳ сол миллатҳои гуногун дар саросари ҷаҳон сарфи назар аз бовару эътиқод Наврӯзро бо самимияти хос ҷашн мегиранд. Барои мардуми вилоят Наврӯз баробари ҷашни Истиқлоли давлатӣ азиз аст».
Базми наврӯзии сокинони шаҳри Хоруғ бо барномаи ҳунарии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ ба поён расид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд






