НАВРӮЗ-ПАДИДАИ АСИЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Хадамоти иҷро ҳамоиши идона доир шуд

Март 18, 2023 18:41

ДУШАНБЕ, 18.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии  Наврӯз ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Хадамот, инчунин кормандони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  иштирок намуданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти мазкур хабар доданд.

Иброз гардид, ки Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар даврони истиқлоли давлатӣ  ҷашну ойинҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Фалак,  Шашмақом, чакан, атласу адрас эҳё гардиданд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳоло Наврӯзи фархундаро халқу миллатҳои гуногун ҷашн мегиранд, ки ин аз арзиши умумибашарӣ ва асолати тамаддунсозии мо, тоҷикон башорат медиҳад.

Иштирокчиён дар оростани дастархони наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманак, хони наврӯзӣ маҳорати хуб нишон доданд. Ҳамзамон маҳфили шеър бо иштироки шоирону нависандагон барпо гардида, хотири иштирокчиёнро шод намуд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2023 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид