НАВРӮЗ-САРҶАМЪКУНАНДАИ МИЛЛАТҲО. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин ҷашни фаррухпай бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар фазои идона бо савту навои дилнавоз ва намоиши анъанаҳои наврӯзӣ истиқбол намуд. Дар базми наврӯзӣ дар баробари роҳбарияти донишгоҳ, устодону донишҷӯён ҳамзамон меҳмонон аз Аморати Муттаҳидаи Араб ва Федератсияи Русия иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни ҳамоиши идона ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода иброз дошт, ки «Наврӯз ҳамчун рамзи некӣ ва рӯшноӣ дар сарҷамъиву ваҳдати мардум, ҷашни нуру сурур барои афзудани гармии меҳру ихлоси мардуми Тоҷикистон, равнақи созандагиву бунёдкорӣ, хуррамиву шукуфоии сарзамини аҷдодии мо нақши муассир гузошта, ҳамасола бо ҳузури хеш дар тақвими мо ба зиндагонии мардум хуррамиҳо ворид менамояд. Дар ин радиф ҳар яки мо баробари шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба хотири сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат ва ободии фардои мамлакат бояд саҳм гузорем».
Гуфта шуд, ки ин анъанаи нек ва фарҳанги воло, ки аз таърихи пурифтихори аҷдоди ориёиямон сарчашма мегирад, асрҳо боз ба миллати мо ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ хизмат мекунад. Ойину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфта шуда, ба рукни фарҳанги онҳо табдил ёфтаанд ва ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд.
Зимни маҳфили идона аз ҷониби Раёсату факултетҳои донишгоҳ дастовардҳои илмиву эҷодии устодону донишҷӯён ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ намоиш дода шуда, инчунин дар саҳни донишгоҳ равзаҳои махсус оид ба таърихи Наврӯз, таому бозиҳои миллӣ ва дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар барномаи идона санъаткорони маъруфи мамлакат ва дастаи ҳунарии донишгоҳ бо суруду рақс ва таронаҳои наврӯзӣ хотири иштирокдоронро болида гардонданд.



Сипас бо иштироки варзишгарону донишҷӯёни донишгоҳ мусобиқа ва бозиҳои миллии варзишӣ, аз ҷумла, гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ), шоҳмот ва дигар намуди бозиҳои наврӯзӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон











Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






