РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. СММ даъват ба амал овард, ки барои рафъи буҳрони ҷаҳонии об «тадбирҳои тағйирдиҳанда» андешида шаванд

Март 27, 2023 18:40

ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида дар Ню-Йорк Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир гардид. Хулосаи мантиқии он аз ҷониби давлатҳои бештари ҷаҳон қабул гардидани уҳдадориҳо ҷиҳати ба амал баровардани тадбирҳои нав ва тезонидани корҳои мавҷуда буд. Пешниҳод гардид, ки барномаҳои мушаххаси миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки тамоми манбаъҳои оби ошомиданӣ, ки тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёт аз онҳо вобастаанд, таҳия ва амалӣ карда шаванд.

Имрӯз хусусияти ҷаҳонӣ касб намудани масъалаи обро суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни конфронс гуфтанд, тасдиқ менамоянд. «То ҳанӯз ду миллиард нафар аҳолии сайёра ба оби ошомидании бехатар ва зиёда аз сеюним миллиард ба шароити нисбатан хуби беҳдошт дастрасӣ надоранд. Ҳамасола қариб ним миллион одам аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасад. Мутаассифона, ин ва дигар далелу рақамҳо аз нокифоя будани амалҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дарак медиҳанд».

Тазаккур бояд дод, ки Тоҷикистон низ мисли дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамасола бинобар офатҳои табиии вобаста ба об хисороти зиёди молӣ ва инсонӣ мебинад. Ҳолати мазкур дар роҳи талошҳо барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозандаи  одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки “мо бояд ба куллӣ тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем”.

«Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад»,- иброз доштанд зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд, ки «биёед дар атрофи об муттаҳид бошем, ҳамин фурсатро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба об аз даст надиҳем».

Ёдовар мешавем, ки рӯзи чоршанбе СММ роҳбарони ҷаҳон, намояндагони тиҷорат, ҷавонон ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро, ки барои Конфронси серӯзаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об- 2023 ҷамъ омада буданд, ба «тадбирҳои тағйирдиҳанда» даъват намуд.

«Ин бештар аз як Конфронс оид ба манбаъҳои обӣ аст. Он бояд дар қобилияти давлатҳои аъзо ва ҷомеаи байналмилалӣ баҳри андешидани тадбирҳо оид ба аҳамияти ҳаётан муҳими об ва воситаи бунёди сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ ҳамчун ҷаҳиши сифатнок бошад», — гуфт Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш зимни баромади худ.

Дастрасӣ ба оби безарар, беҳдоштӣ ва тоза талаботи асосии инсон барои саломатӣ ва некӯаҳволӣ, ҳуқуқи эълоншудаи инсон мебошад. Аммо тақрибан ду миллиард нафар дар саросари ҷаҳон то ҳол ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надорад. Назар ба  ҳоҷатхона ва ҳолати беҳдоштӣ шумораи бештари одамон ба телефонҳои мобилӣ дастрасӣ дорад ва 80 дарсади оби партов бидуни коркард ба муҳити зист рехта мешавад. Беш аз 90 дарсади офатҳои табиӣ вобаста ба об буда,  тағйирёбии иқлим ин вазъиятро бадтар мекунад. Талаботи башарият ба об дар ҳоли афзоиш аст ва тибқи пешбиниҳо, то соли 2050 ниёз ба оби тоза беш аз 40 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон беш аз ду даҳсола аст, ки масъалаҳои марбут ба захираҳои обро ба рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ пешбарӣ мекунад.

Конфронси навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об соли 2024 дар Душанбе баргузор мешавад.

 Лайло ТОИРӢ,
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АИ «Синхуа»

Март 27, 2023 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид